Хабарҳо
Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва “Амонатбонк” «Рӯзи дарҳои кушод»-ро барои соҳибкорон ва муштариён баргузор намуданд.
Санаи 21-уми феврали соли ҷорӣ Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва “Амонатбонк” «Рӯзи дарҳои кушод»-ро барои соҳибкорон ва муштариёни хеш баргузор намуданд.
Чорабинии маърифатӣ ҷиҳати баланд бардоштани саводнокии молиявии наврасону ҷавонон дар шаҳри Норак
Санаи 18-уми феврали соли ҷорӣ дар Филиали муассисаи ғайридавлатии таълимии колеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант дар шаҳри Норак бо иштироки муҳассилини колеҷи мазкур ва мутахассисони КВД БА ҶТ “Амонатбонк” чорабинии маърифатӣ баргузор гардид.
Семинари омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани саводнокии молиявии хонандагони МТМУ
Дар филиали Nº23-и КВД БА ҶТ«Амонатбонк" дар вилояти Суғд барои муштариёни навраси Бонк, толибилмони мактаби хусусии "Ворисони илм" - и шаҳри Бустон семинари омузишӣ дар мавзӯи "Хонае, ки пулҳо зиндагӣ доранд" гузаронида шуд.
Нишасти матбуотӣ дар “Амонатбонк”
Санаи 07-уми феврали соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Бонк давоми соли 2024-ум баргузор гардид.
Семинари омўзишӣ дар мавзӯи "Истифодаи технологияи рақамӣ дар ҷаҳони муосир"
Санаи 06-уми феврали соли ҷорӣ дар толор-маҷлисгоҳи саридораи КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботҳои Нақшаи чорабиниҳои КВД БА ҶТ «Амонатбонк» оид ба иҷрои вазифаҳои гузошташуда дар Паём ва дар ҳошияи эълон шудани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» бо иштироки кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои тобеъ доир ба мавзуи «Истифодаи технологияи рақамӣ дар ҷаҳони муосир семинари омўзишӣ баргузор гардид.